Ссылки доступа

Путин дар бораи "қасре", ки дар таҳқиқоти Навалний зикр шудааст: "Ба ману наздиконам тааллуқ надорад"


Владимир Путин, президенти Русия таҳқиқоти мухолифи рус Алексей Навалнийро дар бораи қасре дар минтақаи Геленҷики Русия шарҳ дод. Путин дар ин бора дар як ҷаласаи видеоӣ бо ҳузури намояндагони донишгоҳҳои он кишвар суҳбат кард.

Президенти Русия гуфт, филми таҳқиқотиро ба далели "камбуди вақт" надида, аммо чанд порчаи онро аз назар гузаронидааст.

"Аз он чизҳое, ки дар филм ҳамчун амволи ман зикр шудааст, ҳеч кадомашон на ба ман ва на ба наздиконам тааллуқ надоранд ва ҳаргиз тааллуқ надоштанд. Ҳаргиз", - гуфт Путин дар посух ба суоли донишҷӯе.

Президенти Русия гуфт, бештар аз 10 сол аст, ки дар ин бора гуфтумон мешавад ва дар ин 10 сол мебоист, ҳуҷҷате ба даст меомад. "Дар иваз чи чизе мавҷуд аст? Акси маро гузоштед, шакли ҳавзеро, ки ман шино мекунам, зикр кардед. Вале ман намедонам ин кадом ҳавз аст. Кай ва дар куҷо? Он акс аз соли 2016 аст, дар Енисей. Дасткорӣ шудааст. Ба ибораи дигари яке аз қаҳрамонҳои машҳури мо, бояд гуфт: "Дилгиркунанда аст, духтарон". Ҳадди ақал чизи дурусттаре мебофтанд", - илова кард Путин.

Вай гуфт, бархе аз афроди дар филм зикршударо мешиносад, дӯстонаш ё ҳамкорони пешинаш ва ё хешони дурашу шиносонаш ҳастанд ва бархеи дигарро умуман намешиносад. Путин гуфт, тиҷорат "ҳаргиз таваҷҷуҳи ӯро ҷалб накардааст" ва вай "ҳаргиз ба ин кор машғул нашудааст".

Бунёди мубориза бо фасоди Алексей Навалний филмеро бо номи "Қасри Путин" рӯзи 19 январ нашр кард. Бино ба тасдиқи Навалний, ин қаср ба президент Путин рабт дорад.

XS
SM
MD
LG