Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "Тоҷикистон бе COVID-19 аст."


Эмомали Рахмон
Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми январ дар назди вакилони ҳарду палатаи порлумон эълон кард, ки "Тоҷикистон имрӯз бе COVID-19 аст". Изҳори назаре, ки бисёриҳо дар Тоҷикистон ва берун ба он шубҳа доранд.

Раиси ҷумҳур дар назди вакилон гуфт, аз оғози моҳи январ дар кишвар гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст. Вале Эмомалӣ Раҳмон гуфт, набудани COVID-19 ба маънои он нест, ки сокинон қоидаҳои беҳдоштиро сарфи назар кунанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози моҳи январ танҳо дар рӯзҳои 2, 5 ва 10-уми январ аз сабт шудани гирифторӣ ба COVID-19 хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, аз рӯзи 10-уми январ ба ин тараф ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Аммо мутахассисон ба омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, миқёси гирифторӣ ва талафот аз коронавируси нав ба маротиб бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ эълон мекунад.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми январ чанд маротиба ба набудани COVID-19 дар Тоҷикистон ишора кард, вале афзуд мақомот афроди аз хориҷа омадаро дар хона карантин мекунанд.

Раҳмон ба сокинон ҳушдор дод, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Тамаркузи бештари Эмомалӣ Раҳмон бештар ба кори масҷид ва тӯю ҷанозаҳо буд. Эмомалӣ Раҳмон ба намозгузорон ҳушдор дод, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, "масҷид кор намекунад".

Масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 1 феврал боз мешаванд. Пештар аз ин низ мақомот ҳушдор додаанд, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, дари масҷидҳо баста мешаванд. Вале сокинон, аз ҷумла намозгузорон мепурсанд, ки чаро мақомот дар баробари масҷид ба нақлиёти ҷамъиятӣ ва бозорҳо нигоҳ намекунанд, ки аксаран қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешаванд.

Ҳамасола раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба ҳарду палатаи порлумони кишвар ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлати Тоҷикистонро шарҳ медиҳад. На ҳамеша ин паёмҳо баёнгари вазъи воқеӣ дониста мешаванд ва ба гуфтаи сокинон, на ҳамаи нақшаҳое, ки дар паём эълон мешаванд, ба иҷро мерасанд.

XS
SM
MD
LG