Ссылки доступа

Содир Ҷабборов - президенти тозаинтихоби Қирғизистон нахустин сафари хориҷиашро ба Русия анҷом медиҳад


Содир Ҷабборов, президенти тозаинтихоби Қирғизистон тасмим дорад, бо нахустин сафари хориҷӣ, ба ҳайси президент, ба Русия равад. Дар ин бора котиби матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон Галина Байтерек хабар дод.

Байтерек гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое пароканда шудааст, ки гӯё "Русия омодаи қабули Содир Ҷабборов нест".

"Гуфтугӯҳо дар ин самт идома доранд. Ҳамроҳ бо ҷониби Русия сана ва муҳтавои сафар баррасӣ мешавад. Хабарҳое, ки гӯё Русия омодаи қабули Ҷабборов нест, ба ҳақиқат рост намеоянд", - гуфт Галина Байтерек.

Пештар аз ин хабар расид, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев Ҷабборовро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик кардааст. Тоқаев ҳамзамон аз Ҷабборов даъват карда буд, ки ба Қазоқистон сафар кунад. Ҷабборов даъватро қабул ва ваъда дод, ки нахустин сафари хориҷиашро ба Қазоқистон анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG