Дар ин бора муовини аввали вазири рушди инноватсионии Узбекистон Шаҳло Турдиқулова дар рафти гуфтугӯҳо бо кордори сафорати Ҷопон дар Тошканд Асуши Суда иттилоъ дод.
Турдиқулова дар мулоқот дар бораи корҳои вазорат барои мубориза бо коронавирус, аз ҷумла марҳалаи севуми санҷиши клиникии ваксинаи ширкати чинии Anhui ZhifeiLongcom Biopharmaceutical зидди коронавирус, коркарди низоми ошкорсозии коронавирус ва пажӯҳишҳои илмӣ дар бораи мубориза бо коронавирус дар Узбекистон суҳбат кард. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ҷониби Узбекистон барои ҳамкорӣ бо пажӯҳишгоҳҳои Ҷопон дар бахшҳои мазкур омодааст.