Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми январ зимни ироаи паём ба порлумон изҳор дошт. Ба гуфтаи Раҳмон, аз 460 ҳазор муҳоҷири тоҷик, танҳо 111 ҳазори онҳо тавонистанд барои кор ба беруни кишвар раванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш берун аз варақ гуфт, чунин вазъ нишон медиҳад, ки дар дохили кишвар метавон муҳоҷиронро дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ ба кор таъмин кард.
Вале муҳоҷироне, ки натавонистаанд ба Русия раванд, мегӯянд, вазъашон дар дохили кишвар хуб нест ва интизоранд, ки ҳарчи зудтар роҳҳо боз шаванд.
Аз моҳи марти соли гузашта роҳҳо ба Русия, кишвари аслии кор барои муҳоҷирони тоҷик баста аст.
Ҳамасола раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба ҳарду палатаи порлумони кишвар ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлати Тоҷикистонро шарҳ медиҳад. На ҳамеша ин паёмҳо баёнгари вазъи воқеӣ дониста мешаванд ва ба гуфтаи сокинон, на ҳамаи нақшаҳое, ки дар паём эълон мешаванд, ба иҷро мерасанд.