Ссылки доступа

Дар Қирғизистон талаб доранд, Сооронбой Ҷеенбеков ба ҷавобгарӣ кашида шавад


 Сооронбай Жээнбеков во время объявления о своей отставке. Октябрь 2020 года.
Сооронбай Жээнбеков во время объявления о своей отставке. Октябрь 2020 года.

Беш аз 80 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар бетартибиҳои Бишкек зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ зарар дидаанд, талаб доранд, то президенти пешини ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Дар хитобаи сокинон ба унвони Додситонии кулли Қирғизистон омадааст, ки 5 октябри соли 2020 зидди сокиноне, ки даст ба тазоҳуроти осоишта зада буданд, аз нерӯ, аз ҷумла тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода шудааст. Дар натиҷа даҳҳо кас захмӣ шуда, Умутбек Олтинбеки 19-сола ҷон бохт.

"Ба назари мо, фармони истифодаи нерӯ зидди сокинони осоиштаро Сооронбой Ҷеенбеков додааст. Зеро он замон ӯ сарфармондеҳи қувваҳо ва раҳбари кишвар буд. Вале касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Мо талаб дорем, ки зидди Ҷеенбеков парванда боз карда шавад", - омадааст дар муроҷиатномаи сокинон.

Яке аз сокинони мазкур бо номи Достон Кубаничбек уулу гуфт, муроҷиатномаи ҳамсонеро низ ба унвони иҷрокунандаи вазифаҳои сарвазири Қирғизистон Артем Новиков фиристодаанд.

Пас аз интихоботи парлумонии 4 октябр неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ба натоиҷи он норизо рӯзи 5 октябр дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ созмон доданд. Наздикиҳои шом гирдиҳамоӣ ба бархӯрди эътирозгарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт, шаби 6 октябр бошад, эътирозгарон бинои КДАМ ва “Қасри сафед”-ро, ки парлумон ва дастгоҳи президент онҷост, муҳосира карданд.

Дар натиҷаи ҳукумат, раиси порлумон ва президенти ин кишвар ба истеъфо рафтанд.

XS
SM
MD
LG