Ссылки доступа

Котиби давлатии ИМА гуфт, Вашингтон аз ҳабси Навалний "сахт нигарон аст"


Госсекретарь США Энтони Блинкен
Госсекретарь США Энтони Блинкен

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, Амрико аз вазъи марбут ба Алексей Навалний "шадидан нигарон буда", андешидани чораҳои ҷавобиро баъди боздошту ҳабси сиёсатмадор аз эҳтимол дур намедонад.

Вале Блинкен дақиқ нагуфт, ки ИМА эҳтимол аст, зидди мақомоти Русия чи гуна чора биандешад.

"Аз амнияти ҷаноби Навалний сахт нигаронем. Садои ӯ садои бештари русиягиҳо аст, ки бояд шунида шавад", - иқтибос овардааст хабаргузории Reuters аз суханони котиби давлатии ИМА.

Ба гуфтаи Блинкен, маъмурияти президент Байден имкони вокуниш ба амалҳои дигари Русия, аз ҷумла дахолати эҳтимолӣ дар интихоботи президентии Амрико дар соли 2020, заҳролудсозии Навалний, ҳамлаҳои киберӣ ба дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва пешниҳоди ҷоиза барои ҳамла ба нерӯҳои ИМА-ро низ баррасӣ дорад.

Президентҳои ИМА ва Русия - Ҷо Байден ва Владимир Путин 26 январ суҳбати телефониеро анҷом доданд. Байден дар робита ба ҳабси мухолифи сарсахти Кремл Алексей Навалний изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, Путин дар ин замина "шарҳҳои зарурӣ"-ро ба Байден ироа кардааст.

XS
SM
MD
LG