Ссылки доступа

Дар Узбекистон роҳбари як оҷонси шуғл 9 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҳукми роҳбарони оҷонси хусусии шуғли "Recruit consulting work"-ро содир кард. Роҳбари ин оҷонс Ҷаҳонгир Аллабердиев ба 1087 шаҳрванд дар ҳаҷми умумии 765 ҳазор доллар зиён расонидааст.

Додгоҳ Аллабердиевро дар содир кардани "қаллобӣ" айбдор дониста, 9 сол зиндонӣ кардааст.

Ин оҷонс аз шаҳрвандон бо баҳони кор ёфтан дар кишварҳои Куриё, Ҷопон, Латвия, Литва, Ҷумҳурии Чех, Олмон ва ғайра маблағ гирифта, аммо ваъдаи додаро иҷро накардааст.

Роҳбарони дигари оҷонс низ ба солҳои мухталиф зиндонӣ шуданд.

Ин бори аввал нест, ки дар Узбекистон роҳбарони оҷонси шуғлро зиндонӣ мекунанд. Дар соли гузашта чанд роҳбари дигари оҷонсҳои шуғлро бо айни ҳамин айб зиндонӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG