Ссылки доступа

Дар Узбекистон тилоҷӯён зери хок монданд: ду кас кушта, ду кас бистарӣ шуд


Рӯзи 26 январ чаҳор ҷавон, ки дар як нақби аз кор мондаи вилояти Ҷиззахи Узбекистон ба ҷӯстани тило машғул буданд, зери хок монданд.

Ду тан аз ин ҷавонон дар ҷои ҳодиса фавот карда, ду тани дигар бистарӣ шуданд. Вазъи яке аз бистаришудаҳо бад арзёбӣ мешавад. Додситонӣ аз рӯи ин ҳодиса парванда боз кардааст.

Ба гуфтаи сокинони вилояти Ҷиззах, аз сабаби бекорӣ ва набуди даромад ҷавонон ба ҷустуҷӯи тило дар нақбҳои хатарнок машғул мешаванд.

XS
SM
MD
LG