Турсунов, ки 6 солу 11 моҳро дар зиндони "Жаслиқ" сипарӣ кардааст, аз давлат 20 ҳазор доллари амрикоӣ ҷуброн хоста буд.
Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбекистон 4 декабри соли 2013 Турсуновро бо ҷурми кушиши ба ҳам задани сохти конститутсионии давлат, терроризм, паҳни матолиби хатарзо ба амнияти ҷомеа ва убури ғайриқонунии марзи давлатӣ 17 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дертар, 18 марти соли 2018 айбе, ки зидди Турсунов эълом гашта буд, бекор карда шуд ва додгоҳ ӯро сафед кард. Вале вай аллакай 6 солу 11 моҳро дар зиндон сипарӣ карда буд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 2 августи соли 2019 фармони баста шудани зиндони "Жаслиқ"-ро имзо кард.
Дар Узбекистон баъди сари қудрат омадани Мирзиёев 50 маҳбуси сиёсӣ аз зиндон озод шуданд. Дар миёни онҳо рӯзноманигорону ҳомиёни ҳуқуқе ҳам ҳастанд, ки дар давраи президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов ба муддати тулонӣ равонаи зиндон шуда буданд.