Ссылки доступа

Артиш дар Мянмар вазъияти фавқулодда эълон ва қудратро дар даст гирифт


Артиши Мянмар дар ин кишвар вазъияти фавқулодда эълон кард ва Аунг Сан Сучи, раҳбари ҳизби ҳоким ва сарони дигари ин ҳизбро боздошт намуд ва қудратро дар даст гирифт.

Яке аз шабакаҳои телевизонии Мянмар, ки ба артиш вобаста мебошад, рӯзи душанбеи 1-уми феврал эълон кард, ки артиш як генерали собиқро раиси ҷумҳур интихоб кард. Бар асоси ин баёния, артиш назорати кишварро ба муддати як сол дар даст мегирад.

Субҳи душанбе сухангӯи Эътилофи миллӣ барои демократия дар Мянмар хабари боздошти хонум Аунг Сан Сучи ва дигар раҳбарони ҳизби ҳокими Мянмарро ба расонаҳои ҷаҳонӣ эълон кард. Боздошти хонум Аунг Сан Сучи ва ёронаш дар пайи танишҳо байни ҳукумати ғайринизомӣ ва артиш бар сари натиҷаҳои интихоботи ахири порлумонӣ дар Мянмар рух медиҳад, ки низомиён онро пур аз тақаллуб хонданд. Ҳизби ҳоким дар ин интихобот тавониста буд 83 дарсади орои мардумро ба даст биорад.

Мё Нянт, сухангӯи эътилофи ҳоким дар Мянмар дар гуфтугӯи телефонӣ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки хонум Аунг Сан Сучи ва дигар раҳбарони ҳизби ҳокими ин кишвар шаби гузашта боздошт шуданд. Вай изҳор дошт, "ман мехоҳам ба мардумамон бигӯям, ки саросема вокуниш нишон надиҳанд ва тибқи қонун амал кунанд". Ин мақоми мянмарӣ ҳамчунин гуфт, ки тасаввур мекунад худи ӯро ҳам боздошт мекунанд.

Бар асоси гузоришҳо, субҳи душанбе хатҳои телефон ва интернет дар пойтахти Мянмар қатъ шуда буд. Радиои ва телевизиони давлатии Мянмар низ эълон кард, ки дучори мушкили фаннӣ аст ва наметавонад барнома пахш кунад.

Аунг Сан Сучии 75-сола ва барандаи Ҷоизаи Нобели сулҳ, соли 2015 дар пайи беш аз як даҳа зиндони хонагӣ ба қудрат расид.

Хонум Аунг Сан Сучи, ки ба хотири муборизаҳои худ барои демократия дар оғоз чеҳраи мавриди ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ буд, дар солҳои ахир дар пайи амалиёти артиши Мянмар алайҳи ақалияти мусалмони Роҳинҷа ва ҳимоят аз ин амалиёт, маҳбубияти байналмилалии худро аз даст дод. Бо ин ҳол, ӯ ҳамчунон дар дохили кишвараш аз обрӯи зиёд бархӯрдор аст.

Эътилофи миллӣ барои демократия дар интихоботи порлумонии моҳи ноябри гузашта дар рақобат бо як ҳизби тарафдори артиш пирӯз шуд, аммо артиш ин интихоботро пур аз тақаллуб донистааст.

Артиши Мянмар рӯзи сешанбе дар пайи боло гирифтани эҳтимоли табаддулот дар ин кишвар, эълом карда буд, ки бар асоси Қонуни асосӣ амал мекунад ва аз он пайравӣ хоҳад кард.

Комиссияи интихоботии Мянмар иддаои артиш дар бораи тақаллубро рад карда ва таъкид намудааст, ки хатое, ки боиси тағйири натиҷаҳои интихобот шавад, рух надодааст.

Қонуни асосии Мянмар 25 дарсади курсиҳои порлумонро дар ихтиёри артиш гузоштааст. Ҳамчунин назорати се вазорати асосӣ дар ҳукумати Сучӣ низ ба артиш вогузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG