Ссылки доступа

Қазоқистон барои харидории ваксинаи "Pfizer" гуфтугӯ дорад


Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфтугӯҳо барои харидории ваксинаи сохтаи ширкати амрикоии "Pfizer" ва ширкати олмонии "BioNTech"-ро идома медиҳад.

Дар ин бора хабаргузориҳои маҳаллӣ бо истинод ба сардухтури беҳдоштии Қазоқистон Ерлан Қиёсов рӯзи душанбе иттилоъ доданд.

"Ваксинаи "Pfizer" эҳтимол аст, дар нимаи дувуми сол барои қазоқистониҳо дастрас шавад. Созишҳои пешакӣ ҳосил ва бо ширкати "Pfizer" ёддоште имзо шудааст. Масъалаҳои муфассалтар дар ҳоли баррасӣ қарор доранд", - изҳор доштааст Қиёсов 1 феврал.

Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, ба худи Қиёсов дар яке аз дармонгоҳҳои маҳаллӣ ваксинаи русии "Спутник V"-ро гузарониданд.

Дар Қазоқистон 1 феврал маъракаи ваксинагузаронии оммавӣ зидди коронавирус оғоз шуда, дар марҳалаи аввал ваксинаи русиро омӯзгорон, табибон ва кормандони нерӯҳои амниятӣ дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG