Ссылки доступа

Дар Қазоқистон барои оқибатҳои манфии ваксинаи русӣ ҷуброне пешбинӣ нашудааст


Дар Қазоқистон барои оқибатҳои манфии ваксинаи русии "Спутник V", ки гузаронидани оммавии он 1 феврал оғоз шуд, ҷуброне пешниҳод нашудааст.

Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Нурсултони Қазоқистон Темур Муродов рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, "табобат дар доираи ҳаҷми кумаки тиббии кафолатдодашуда сурат мегирад".

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати оқибатҳои манфии ваксина бо иштироки гуруҳи коршиносони муташаккил аз намояндагони хадамоти санитарию эпидемиологӣ, вирусшиносон, сироятшиносон, асабшиносон ва мутахассисони дигар таҳқиқ карда мешавад.

"Худое накарда, агар чизи ҷиддие рух диҳад, истеҳсолкунандагони ваксина ҷавоб хоҳанд гуфт. Мо дар марҳалаи гузаронидани ваксина танҳо иҷрогарем. Тамоми чораҳои эҳтиётиро риоя хоҳем кард. Вале дар вақти гузаронидан масъалаи ҷиддие пеш ояд, истеҳсолгарон ҷавоб хоҳанд гуфт", - изҳор дошт Муродов.

Дар Қазоқистон 1 феврал гузаронидани оммавии ваксинаи русӣ оғоз шуд. Масъулони Раёсати тандурустии Нурсултон гуфтанд, қарор аст, то моҳи март ин ваксинаро 6 ҳазору 300 табиб дарёфт кунад. Ваксинаро ба табибон ба таври ихтиёрӣ мегузаронанд.

Пештар Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфта буд, ки бо наздики 40 миллион доллари амрикоӣ ваксинаи русӣ мехаранд. Дар ҳоле ки дар Ғарб ба сифат ва бехатарии он шубҳа доранд.

XS
SM
MD
LG