Ба огаҳии хадамот, бештари ин ҳодисаҳо (9 ҳолат) дар марз бо Тоҷикистон ва 3 ҳодиса дар марз бо Узбекистон рух додааст.
"Дар соли 2021 ба самтҳое, ки эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои марзӣ, убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, нақзи низоми он вуҷуд дорад, бояд бештар таваҷҷуҳ шуда, ҳамкориҳо бо мақомоти маҳаллӣ барои пешгирӣ аз низоъҳои марзӣ тақвият дода хоҳад шуд", - изҳор дошт раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон Уларбек Шаршеев.
Қирғизистон бо Узбекистон 1378 километр марзи муштарак дорад, ки 1170 километр ё 85 дарсади он аломатгузорӣ шудааст. Дар миёни ду кишвар 9 минтақаи баҳсӣ вуҷуд дорад ва ин номуайянӣ дар бештари маврид боиси низоъҳои марзӣ миёни сокинони дуҷониб хоҳад шуд.
Марзи муштараки Қирғизистон бо Тоҷикистон 976 километрро ташкил дода, 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.