Вазири молияи Қирғизистон Киялбек Мукашев 1 феврал дар ҷаласаи кумитаи гуфт, дар пардохти маоши кормандони ин ду телевизион барои моҳи декабри соли 2020 мушкили молӣ пеш омадааст, ки ҷудо кардани маблағи иловагиро талаб менамояд.
Ба гуфтаи муовини вазири фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон Илёсбек Болташоев, "Шабакаи 5" 82 млн 484 ҳазор сом ($972 ҳазор) қарздор аст. Ҳангоми баррасии ин масоил узви Кумитаи порлумони Қирғизистон дар умури молӣ ва буҷа Марлен Маматалиев пешниҳод кард, ки телевизионҳои мазкур фурӯхта шаванд.
"Мо бояд бо ташкили комиссияи махсусе ба масъалаи телевизионҳо нукта гузорем. Ба назари вакилони порлумон, телевизионҳо бояд фурӯхта шаванд ё коре кард, ки бояд аз ҳисоби буҷа пул талаб накунанд", - изҳор дошт Маматалиев.
"Шабакаи 5" соли 2007 дар асоси телевизиони КООРТ таъсис ёфта, онро Оксана Малеваная раҳбарӣ мекард, ки баъди ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 ба сӯистифода аз мақом айбдор эълом ва ғоибона 10 сол зиндонӣ шуд. Дертар телевизион давлатӣ карда шуд.
"Пирамида" низ яке аз нахустин телевизионҳои хусусии Қирғизистон шумурда мешавад, ки онро низ ҳукумати муваққати ин кишвар баъди ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 давлатӣ гардонд.