Ба таҳлили маълумот дар бораи 19 866 ихтиёрие ворид карда шудааст, ки ваксинаро дарёфт кардаанд. Маълумот дар бораи ихтиёриёни ноболиғ, ҳомила, гирифторони ВИЧ ва бемории ҳепатити В ва С шомил карда нашудааст.
Дар рафти пажӯҳиш марги чаҳор ихтиёрӣ ошкор гаштааст. Вале пажӯҳишгарон фавти онҳоро ба ваксина рабт надодаанд.
Қайди ваксинаи "Спутника V" пеш аз нашри натиҷаҳои озмоиш ва ҳамроҳ бо изҳоротҳои сиёсӣ сурат гирифта, коромадии он шубҳаи бештари коршиносон ва аъзои ҷомеаи илмиро ба бор оварда буд.
Дар бораи сабти ваксинаи "Спутник-V" бори нахуст Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 11-уми августи соли гузашта хабар дод ва гуфт, ин ваксина самарбахш буда, масунияти баданро қавӣ мекунад.