Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон парвандаи "пораталабӣ"-и як мансабдори пешинро ба тафтишот баргардонд


Додгоҳи шаҳри Урали Қазоқистон парвандаи Болатбек Каюпов, роҳбаре пешини раёсати тандурустии вилояти Қазоқистони Ғарбиро ба тафтиши иловагӣ баргардонд, ки дар фасодкорӣ айбдор мешавад.

Ин тасмими додгоҳ рӯзи 2 феврал гирифта шуд. Додситони парвандаи мазкур гуфт, "эҳтимол дорад, шахси севум ҳам ба парванда ҷалб шавад". Тафтишот мегӯяд, Каюпов аз тендерҳои давлатӣ 10 дарсади "ҳақ" талаб мекардааст.

Баррасии парвандаи Каюпов дар додгоҳ ҳафтаи гузашта шуруъ шуд. Тафтишот ӯро дар гирифтани 18,5 ҳазор доллар айбдор мекунад. Ба иттилои тафтишот, ин маблағро вай ҳангоми хариди дастгоҳҳои тиббӣ дар моҳи августи соли 2020 аз ширкате дарёфт кардааст, ки тендери тиббиро соҳиб шуда буд. Каюпов айби эъломшударо рад мекунад.

XS
SM
MD
LG