Ссылки доступа

Президенти Узбекистон ба мақомоти қудратӣ дастур дод, мушкили ҷавононро ҳал кунанд


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 27 январ ба Хадамоти амнияти давлатӣ (ХАД) дастур додааст, ки "ба таври муназзам мушкили иҷтимоии ҷавононро омӯзад ҳал кунад".

"Дар асоси пешниҳоду дархостҳо дар ноҳияву шаҳрҳо барномаҳои махсуси ҷавонон таҳия шудааст. ХАД вазифадор аст, ки ин барномаҳоро амалӣ созад, инчунин ба таври муназзам мушкили иҷтимоии ҷавононро омӯзад", - дастур додааст Мирзиёев.

Маҳмуд Юлдошев, собиқадори хадамоти амнияти Узбекистон мегӯяд, ғайри қобили дарк аст, ки чаро омӯзиши мушкили иҷтимоии ҷавононро ба дӯши мақомоти қудратӣ гузоштаанд.

"На дар оиннома ва на дар қонун дар бораи хадамоти амнияти давлатӣ дар бораи машғул шудани мақомот ба мушкили ҷавонон ҳарфе гуфта нашудааст", - гуфт Юлдошев.

XS
SM
MD
LG