Ссылки доступа

Тазоҳуроти модарони серфарзанди Нурсултон зидди "шиносномаи электронии ваксинагузаронӣ"


 Участницы акции против внедрения «электронных паспортов вакцинации». Нур-Султан, 3 февраля 2021 года.
Участницы акции против внедрения «электронных паспортов вакцинации». Нур-Султан, 3 февраля 2021 года.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон як гуруҳи модарони серфарзанд 3 феврал бо талаби даст кашидан аз тасмими роҳандозии "шиносномаи электронии ваксинагузаронӣ" дар назди бинои Вазорати тандурустии он кишвар ҷамъ шуданд.

"Лоиҳаи пешниҳодии мақомот зидди Конститутсия аст. Банди 14 Қонуни асосӣ табъизро манъ кардааст. Дар банди 21 гуфта шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд озода ҳаракат кунанд. Тибқи пешниҳоди ахир, шаҳрвандонеро, ки QR-рамзашон ранги сурх нишон медиҳад, наметавонанд ба фурӯшгоҳ ворид шаванд, аз банкомат пул гиранд ва дору харанд. Ин нақзи ошкорои ҳуқуқи конститутсионии мардум аст", - изҳор дошт яке аз занони эътирозгар.

Занон дар даст зарфҳои оҳанини ғизопазӣ доштанд ва фарёд мекарданд, ки "Мо зидди ваксинагузаронӣ ҳастем", "бигузор Сой (вазири тандурустии Қазоқистон)" ба назди мо барояд.

Ба назди занони тазоҳургар ду намояндаи Вазорати тандурустии Қазоқистон баромада, иттилоъ доданд, ки ваксина ба шаҳрвандон ихтиёрӣ гузаронида хоҳад шуд.

Мақомоти Қазоқистон ҳафтаи гузашта дар бораи лоиҳаи ҷорӣ кардани "шиносномаи электронии ваксинагузаронӣ" хабар доданд. Тибқи лоиҳа, дар "шиносномаи электронӣ" маълумот дода мешавад, ки соҳиби он баъди гирифтани ваксина масуният ба вирусро пайдо кардааст, ё не.

XS
SM
MD
LG