Ссылки доступа

Дар Ишқобод истифодаи воксини русии зидди COVID-19 шуруъ шуд


Рӯзи 3 феврал дар шаҳри Ишқободи Туркманистон воксинзании умумӣ шуруъ шуд. Мақомоти Туркманистон аз воксини русии "Спутник V" зидди коронавирус истифода мекунанд.

Дар он кишвар рӯзҳои ахир талабот ба риояи чораҳои муҳофизатӣ сахттар шудааст. Пулис ниқобпӯшии сокинонро дар кӯчаву бозорҳо ва фосилаи иҷтимоиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ назорат мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Туркманистон расман ҳеҷ ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Рӯзи 18 январ Туркманистон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, воксини русии "Sputnik V" сабт кард. Баъди 10 рӯз дувумин воксини русии зидди коронавирус "ЭпиВакКорона"-ро низ нахустин шуда дар дунё, сабт кард.

XS
SM
MD
LG