Ссылки доступа

Қазоқистон назорати гирифторӣ ба коронавирусро сахттар мекунад


Сокинони шаҳрҳои Алмато ва Нурсултони Қазоқистон дар сурати ошкор накардани гирифтор будан ё набудани худ ба вабои коронавирус ба бархе аз муассисаҳо роҳ дода нахоҳанд шуд.

Дар ин бора Бейбут Есенбоев, як масъули вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон хабар дод. Сокинон бояд дар замимаи мобилии Ashyq иттилоъ дар бораи гирифтор будан ё набудани худро ба коронавирус ҳифз кунанд. Ва танҳо дар ин сурат ба бархе аз маконҳои ҷамъиятӣ роҳ дода хоҳанд шуд.

"Бо хоҳиши шаҳрвандон дар даромадгоҳи бархе аз маконҳои ҷамъиятӣ замимаи мобилӣ бо рамзи QR ҷо дода мешавад. Агар шаҳрванд ба коронавирус мубтало шуда бошад, ӯро иҷозаи дохил шудан намедиҳанд", - гуфт Есенбоев.

Ерлан Киясов, муовини вазири тандурустии Қазоқистон гуфт, ки ин чораи муваққат аст.

XS
SM
MD
LG