Ссылки доступа

Сенаторҳои ИМА пешниҳод доранд, зидди Русия барои ҳабси Навалний таҳрим ҷорӣ шавад


Гуруҳе аз сенаторҳои демократу ҷумҳурихоҳи Конгресси ИМА бо пешниҳоди як лоиҳаи қонун ба Сенат хостанд, "Русия барои амалҳои бадхоҳонааш ба ҷавобгарӣ кашида шавад".

Дар ин лоиҳа, аз ҷумла эъломи таҳрим зидди мансабдорони русе пешниҳод шудааст, ки дар қазияи заҳролудсозии мухолиф Алексей Навалний ва коркарди "маводи заҳрогини ҳарбӣ дар Русия" даст доранд.

Агар лоиҳаи қонун қабул шавад, президенти Амрико муваззаф аст, дар давоми 90 рӯз зидди дастандаркорони заҳролудшавии Навалний ва онҳое таҳрим ҷорӣ кунад, ки талош доштанд сӯиқасдро пинҳон кунанд. Таҳримҳо иборат аз ҳабси дороӣ, манъи сафар ба Амрикову ҳамкории созмон ва шаҳрвандони ИМА бо шахсони таҳримшуда мебошанд.

Ҳамчунин омадааст, дар давоми 180 рӯзи баъди қабули қонун президенти ИМА бояд дар бораи вазъи қазияи куштори мухолифи рус Борис Немтсов дар соли 2015 дар маркази шаҳри Москва бо ишораи қотилони эҳтимолии ӯ ва "бойгарии шахсӣ"-и президенти Русия Владимир Путину наздиконаш ду гузориши алоҳида ба Конгресс пешниҳод кунад.

Аз Департаменти давлатии ИМА низ талаб мешавад, ки Олмонро ба қатъи бунёди лулаи гази "Ҷараёни шимол-2" розӣ кунонида, аз мақомоти Русия озодии Навалнийро талаб кунад.

Додгоҳи Русия 2 феврал Навалнийро бо гуноҳи риоя накардани қоидаҳои ҳабси шартӣ зиндонӣ кард. Ӯ аз рӯйи парвандаи соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ 3,5 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуда буд.

XS
SM
MD
LG