Ин нукта дар гузориши "Таъқибҳои фаромиллӣ"-и созмон гуфта шудааст, ки рӯзи 4-уми феврал дар Амрико муаррифӣ гашт.
Ба гуфтаи пажӯҳишгарони созмон, мақомоти қазоқ бештар болои мухолифони сиёсияшон, аз ҷумла атрофиёни собиқ вазир ва бонкдори пешин Мухтор Аблязов, ки дар ватан бадуздии миллиардҳо танга айбдор мешавад, тамаркуз кардаанд. Ҳамчун намуна боздошт ва интиқоли ғайриқонунии ҳамсару духтари ноболиғи Аблязов аз Итолиё ба Қазоқистон дар соли 2015, оварда шудааст. Хонаводаи Аблязов дар пайи вокунишҳои тунд баъди шаш моҳ тавонист Қазоқистонро тарк кунанд.
Пажӯҳишгарони Хонаи Озодӣ гуфтаанд, бо дархости Қазоқистон боздошт шудани блогер Муродбек Тунгишбоев дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон низ яке аз намунаҳои дигари таъқиби мухолифон дар хориҷ аст. Ба гуфтаи онҳо, Тунгишбоев дар ҳоле дастгир шуд, дархости паноҳандагии сиёсии ӯ дар Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон баррасӣ мешуд.
Муаллифони гузориш аз Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ, Русия ва Эрон низ ба ҳайси кишварҳое ном бурдаанд, ки бештар бо "таъқибҳои фаромиллӣ" машғул ҳастанд. Аз Қазоқистон ҳамчун кишваре ҳам номбурда шудааст, ки намояндагони фирории ақалиятҳои миллии Чинро боздошт мекунад.
Гузориши вижаи Freedom House дар бораи таъқибу ҳадаф қарор додани мунаққидони ҳукуматҳо дар хориҷ аз ватанашон таҳқиқоти камназир аст, ки махсус дар ин мавзуъ анҷом мешавад. Дар гузашта гузоришу таҳқиқоти ҷудогона дар ин мавзуъ аз ҷониби муҳаққиқони Human Rights Watch, Amnesty International ва созмонҳои дигар анҷом шудаанд.