Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон озодии фаъоли маданӣ Багдат Бактибоевро маҳдуд кард


Гражданский активист Багдат Бактыбаев.
Гражданский активист Багдат Бактыбаев.

Додгоҳи шаҳри Шуи Қазоқистон озодии фаъоли маданӣ Багдат Бактибоевро барои "робита доштан бо созмони мамнуъ" 2 сол маҳдуд кард. Ҳамчунин ӯ аз ҳаққи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба муҳлати 5 сол маҳрум шудааст.

Бактибоев дар "ташкилу иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" ва "ғайриқонунӣ нигаҳ доштани маводи мухаддир" айбдор дониста шудааст. Додситонӣ барои вай ду соли зиндон талаб карда буд.

Фаъолони мадании қазоқ рӯзи панҷшанбе дар назди бинои додгоҳи Шу бо талаби озод кардани ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар ин кишвар тазоҳурот карда буданд. Видеоҳои нашршуда нишон медиҳанд, тазоҳургарон дар даст аксҳои Бактибоев буда, озодӣ ба ӯро талаб доранд.

Вакили дифои фаъоли маданӣ Ергали Сназаров гуфт, шахси зери ҳимояаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нест.

Багдат Бактибоеви 46-сола 2 октябри соли 2020 барои "робита бо созмони мамнуи "Көше партиясӣ" боздошт шуда буд. Вале ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон номи Бактибоев​ро ба рӯйхати маҳбусони сиёсии ин кишвар шомил карданд.

Додгоҳи ноҳияи Есили пойтахти Қазоқистон ҳаракати "Көше партиясӣ"-ро моҳи майи соли равон бо дархости Додситонии кулли ин кишвар созмони "террористӣ" эълом ва фаъолияташро манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG