Ссылки доступа

Аз Омбудсмени кӯдак дар бораи ҷазои сахттар, аз ҷумла "ахта"-и гунаҳкорон ба таҷовуз пурсиданд


Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди сахттар кардани ҷазои гунаҳкорон ба азияти ҷинсии ноболиғонро баррасӣ доранд, вале ҷузъиёт надод.

Вақте хабарнигорон рӯзи 4-уми феврал дар нишасти матбуотӣ пурсиданд, ки оё масъалаи "ахта" кардани гунаҳкорони дастдарозӣ ба номуси кӯдакон низ матраҳ аст ё не, Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода гуфт:

"Эҳтимол ё имкони татбиқи ин гуна чораҳо ҳам аз сӯйи гуруҳи корӣ баррасӣ шуд. То чӣ андоза қабул мешавад ё не, маълум нест, чун дар ҷомеаи суннатӣ зиндагӣ дорем. Ҳоло чизе гуфта наметавонам."

Ахтаи кимиёвии мардонеро, ки дар таҷовуз ба номуси ноболиғон гунаҳкоранд, дар баъзе аз кишварҳои минтақа таҷриба кардаанд. Порлумони Қазоқистон соли 2016 ба қонуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тағйирот ворид кард ва, бино бар он, ахтаи кимиёвии гунаҳкорон ба таҷовуз ба номуси атфол пешбинӣ мешавад. Мухолифони тасмим чунин бархӯрдро дуруст намешуморанд.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода гуфт, "ин масъаларо бояд мутахассисон баррасӣ карда, ба хулосаи ниҳоӣ биоянд. Ман ҳоло баҳо дода наметавонам."

Пешниҳоди ҳарчи сахттар кардани ҷазо барои шахсоне, ки дар озору азияти ноболиғон даст доранд, аз ҷумла, қазияи духтари 12-сола дар Ҳисор аз мавзуъҳои пурбаҳс дар нишасти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак буд. Ҳабибуллозода гуфт, то кунун духтарро аз наздик надидааст, вале аз аҳволаш хабар дорад.

Пайвандони духтар мегӯянд, ӯ соли гузашта аз сӯйи яке аз хешовандон таҷовуз шуда, баъдан тифл ба дунё овард. Мавзуъ замоне доғ ва бо танқидҳои сахти ҷомеаи маданӣ рӯ ба рӯ шуд, ки гумонбарро аввал ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, сипас бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ ҷавоб доданд.

Баъзе аз шаҳрнависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин рафтори додрасро "беаҳамиятӣ нисбат ба озору азияти ноболиғон", вале пайвандони ҷавони афвшуда одилона номиданд. Моҳи январи имсол ва дар пайи вокунишҳои зиёд, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи Ҳисорро бекор карда, барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ фиристод.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода гуфт, "баҳо додан ба ин ё он қарори додгоҳ ваколати зинаҳои болоии додгоҳ аст. Мо ин масъаларо дар ин ҷо шарҳ дода наметавонем, чун ба тафтишоти нав баргардонида шуд."

Моҳе пеш як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раисҷумҳур ва раҳбарони ду палатаи порлумон хостанд, ки ҷазоро барои бадахлоқӣ нисбат ба ноболиғон сахттар кунанд. Дар зери муроҷиатнома 54 созмону шахсони алоҳида имзо гузоштанд.

Моҳҳои охир мавридҳои таҷовуз ба номус ва бадахлоқӣ нисбат ба хурдсолон дар Тоҷикистон зиёд расонаӣ мешавад. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак гуфт, дар як соли охир 10 ҳолати бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон сабт шудааст ва ин рақам дар ба муқоиса ба омори соли 2019 як маврид зиёд аст.

Масъулони Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2020 танҳо ба созмони онҳо 12 парвандаи ҷиноии марбут ба таҷовуз ва дигар ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ноболиғон дастрас шудааст. Маълум нест, чӣ қадари дигар аз хонаводаҳо барои ҳифзи эътибор аз ифшои чунин ҳолатҳо худдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG