Фарида Қобилбек, Гулнур Косдаулетқизӣ ва Нурзод Ермекбой бо акси наздиконашон дар назди консулгарӣ ҷамъ шуданд.
Фарида Қобилбек гуфт, ки шавҳари вай аз соли 2017 ба ин тараф наметавонад, Чинро тарк кунад ва ӯро дар Чин таҳти таъқиб қарор додааст.
Нурзод Ермекбой мегӯяд, талош дорад, ки дар бораи бародари дар Чин будааш иттилоъ пайдо кунад.
Солҳои охир сиёсати раҳбари Чин, Сӣ Ҷинпин, мусалмонони ин кишварро дар вилояти Шинҷон ҳадаф қарор додааст. Онҳо мегӯянд, мавриди назорат, боздошт ва ба истилоҳ бозтарбияи иҷтимоиву сиёсӣ қарор мегиранд.
Чин ҳеч гоҳ қонуншиканӣ ё поймол кардани ҳуқуқи мусалмонҳои кишварро эътироф накарда, баръакс, гуфтааст, ин иқдомҳо барои пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм ҳастанд.