Бино ба нақша, дар соли ҷорӣ 43 кӯчаи шаҳри Бишкек таъмир хоҳад шуд.
Шуруъ аз 15 март якбора дар 10 қитъа корҳои сохтмонӣ шуруъ мешаванд.
Дар доираи фазаи дувум таъмири бештар аз 70 км роҳ дар назар аст.
Бо ин баҳона бисёре аз кӯчаҳои шаҳр васеъ ва ё аз сари нав сохта мешаванд.
Тарҳи "Рушди роҳҳои мошингарду пиёдагарди Бишкек" аз се фаза иборат аст, ки фазаи аввали он бо 44 млн доллар соли 2016 шуруъ шуда буд.
Дар доираи фазаи аввал бештар аз 95 км роҳҳо дар шаҳри Бишкек азнавсозӣ шуданд.