Ссылки доступа

Боррел: "Робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Русия ба марҳилаи ҳассосе расидааст"


Жозеп Боррел
Жозеп Боррел

Ҷозеф Боррел, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯҳояш бо мақомоти Русияро "бисёр печида" хонд ва ҳушдор дод, ки робитаҳои Бруссел ва Маскав ба "марҳилаи ҳассосе" расидааст.

Оқои Боррел ҳафтаи гузашта дар Маскав бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва дигар мансабдорони Русия мулоқот кард.

Вай рӯзи якшанбеи 7-уми феврал дар веблоги худ навишт, нишасти хабарии тунду тезе, ки барои ӯ дар Русия тартиб дода буданд ва ҳамзамон берун кардани се дипломати аврупоӣ аз Маскав нишон медиҳад, ки мақомоти Русия намехостанд аз ин фурсат барои анҷоми гуфтугӯҳои созанда бо Иттиҳоди Аврупо истифода кунанд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо оқои Боррел аз Иттиҳоди Аврупо ҳамчун "шарики ғайри қобили боварӣ" ном бурд. Чанд соат пас аз он низ Маскав эълон кард, ки се дипломат аз Швейдсия, Олмон ва Лаҳистонро ба хотири "ширкат дар эътирозҳои барои ҳимоят аз Алексей Навалний", аз Русия берун мекунад.

Алексей Навалний, аз чеҳраҳои шинохтаи мухолифони Русия ҳоло дар зиндон ба сар мебарад. Олмон, Лаҳистон ва Швейдсия ҳузури дипломатҳои худ дар эътирозҳои ахири Русияро рад кардаанд.

Илова бар боздошти Алексей Навалний, ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия дар соли 2014, робитаи Маскав ва Иттиҳоди Аврупоро тиратар сохтааст. Ҳимояи Русия аз ҷудоиталабони шарқи Украина ва мухолифати Иттиҳоди Аврупо бо ба расмият шинохтани Александр Лукашенко дар Белорус низ, яке аз сабабҳои дигари ихтилоф миёни Маскав ва Бруссел ҳастанд.

Ҷозеф Боррел дар идомаи навиштаи худ аз Иттиҳоди Аврупо хост, робитаи худ бо Маскавро ба диққат муайян кунад ва дар баробари Русия сиёсати ягона пеш бигирад. Ӯ афзуд, ки сафари ӯ ба Маскав таъйид кард, ки Аврупо ва Русия аз ҳам фосила гирифтаанд ва ин кишвар ба арзишҳои демократии Аврупо ба чашми таҳдид нигоҳ мекунад.

XS
SM
MD
LG