Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон аз мансабдорон хост, акси ӯро болои сарашон наовезанд


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон тавсия дод, ки акси ӯро дар утоқҳои корӣ ва биноҳои маъмурӣ наовезанд. Дар ин бора сухангӯи вай Галина Байтерек рӯзи 8 феврал иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Байтерек, "Ҷабборов бар ин бовар аст, ки айни замон вай барои беҳсозии шароити зиндагии мардум коре накардааст, ба ҳамин далел ба мансабдорон тавсия медиҳад, ки аксашро дар утоқҳои корӣ ва биноҳои маъмурӣ наовезанд".

Ҷабборов баръакс тавсия додааст, акси касоне истифода шавад, ки дар тақвияти давлатдории қирғиз ва рушди кишвар саҳм доштаанд.

Пештар аз ин сурати утоқи кории яке аз мансабдрони Қирғизистон, ки пушти сараш акси Ҷабборов овезон буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни корбарони қирғизистонӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.

Интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр дар Қирғизистон боиси норозигии мардум ва гирдиҳамоии сокинон шуд. Дар натиҷа ҳукумат дар он кишвар тағйир ёфт. Содир Ҷабборов, ки он замон дар зиндон қарор дошт, аз сӯи тарафдорон раҳо карда шуд.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, ки 10 январ баргузор шуд, Ҷабборовро ба курсии президентӣ нишонд. Ҷабборов рӯзи 28 январ савганди президентӣ ёд кард.

XS
SM
MD
LG