Ссылки доступа

"Вести недели": Навалний дар Олмон зиндагии шоҳона дошт


Рӯзноманигорони барномаи "Вести недели" дар телевизиони "Россия", ки дар бораи манзили муваққати мухолифи рус Алексей Навалний дар шаҳри Фрайбурги Олмон барнома таҳия карданд, худро сайёҳон аз Белгия муаррифӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати телевизиони "Дожд", вай намедонист, ки иҷоранишинони ахираш хабарнигорони рус ҳастанд. Хабарнигор Анастасия Попова ҳангоми иҷораи манзил насаби фаронсавии Боуртро истифода кардааст.

"Вести" гуфт, Навалний барои ду моҳ манзил иҷора гирифтааст, аммо соҳиби хона мегӯяд, танҳо барои шаш ҳафта бо Навалний қарордод дошт.

Соҳиби хона ҳамин ки дар бораи наворбардории филм аз сӯи хабарнигорони Русия иттилоъ пайдо кард, фавран ба мақомоти Олмон муроҷиат кардааст.

Рӯзи якшанбе дар барномаи "Вести недели" дар телевизиони "Россия 1" хонае нишон дода шуд, ки Навалний баъди рухсат ёфтан аз бемористон дар Олмон дар он зиндагӣ кардааст. Муаллифони барнома таваҷҷуҳи бинандаро ба он ҷалб карданд, ки гӯё Навалний дар Олмон зиндагии шоҳона доштааст. Ба бинандагон нишон доданд, ки хонаи иҷораи вай "меҳмонхонаи барҳаво, ду роҳаткурсӣ, телевизор доштааст. Ва болои миз меваҳои тару тоза гузошта шудааст". Ба гуфтаи хабарнигорони телевизион, арзиши иҷораи якрӯзаи он хона 530 евроро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин барнома гуфта шуд, ки Бунёди мубориза бо коррупсияи Навалний филми "Қасри Путин"-ро дар студияи The Black Forest Studios таҳия кардааст. Рӯзноманигорони "Вести" гуфтан, сохтани чунин як филм дар студияи мазкур миллион евро харҷ доштааст.

XS
SM
MD
LG