Ссылки доступа

CPJ аз Тошканд даъват кард, блогнависи инъикосгари фасодкориро озод кунад


"Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ) аз мақомоти Узбекистон хост, блогнавис Отабек Сатториро аз боздошт раҳо кунад.

Сатторӣ 29 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Термизи он кишвар боздошт шуд. Ӯро дар тамаъҷӯӣ айбдор мекунанд.

Дар сурати исботи айб Сатториро то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

"Мақомоти Узбекистон бояд блогнавис Отабек Сатториро фавран озод ва айбҳои эълоншударо бекор кунанд", - гуфтанд дар созмони "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" рӯзи 8 феврал.

"Таъқиби блогнависон ва рӯзноманигорони шаҳрвандӣ барои инъикоси фасодкорӣ помол кардани ҳаққи конститутсионии онҳост. Рӯзноманигорон дар Узбекистон бояд имкони иҷрои салоҳиятҳои худро дошта ва аз рӯ ба рӯ шудан бо айбномаҳо тарс надошта бошанд", - зикр кардаанд дар созмони ҳимоят аз рӯзноманигорон.

Саттории 40-сола бо танқидҳояш аз раиси вилояти Сурхандарёи Узбекистон Тура Боболов шинохта мешавад.

Сатторӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифае бо номи "Афкори мардум" дошт.

XS
SM
MD
LG