Ссылки доступа

СММ: Куриёи Шимолӣ таҳримҳоро давр зада, барномаи ҳастаияшро рушд додааст


Куриёи Шимолӣ дар соли 2020 бо наздики 300 миллион доллари дуздӣ аз роҳи ҳамлаҳои ҳакерӣ таҳримҳои байналмилалиро нақз карда, барномаҳои ҳастаӣ ва сохтани мушакҳои болдорро рушд бахшидааст.

Дар ин бора дар гузориши махсуси СММ гуфта шуда, ки дастраси хабаргузории Рейтер гаштааст.

Бино ба гузориши "Садои Амрико", "Пхенян иншоотҳои ҳастаиро дастгирӣ ва зербиноиҳо барои мушакҳои болдорро замонавӣ карда", дар хориҷ ҷустуҷӯи маводу технология барои барномаҳояшро идома додааст.

Намояндаи Департаменти Амрико гуфт, маъмурияти президенти ин кишвар равиши нав, аз ҷумла "гузинаҳои фишор ва тавонмандии ҳамагуна дипломатияро" дар ҳамдастӣ бо ҳампаймонон баррасӣ дорад.

Раҳбарони Амрико ва Куриёи Шимолӣ -- Доналд Трамп ва Ким Чен Ин солҳои 2018 ва 2019 се бор мулоқот карданд, вале натавонистанд роҷеъ ба бекор кардани таҳримҳо зидди Пхенян ва дасткашии он аз барномаҳои ҳастаияш ба созиш бирасанд.

Намояндагии Куриёи Шимолӣ дар назди СММ дар Ню-Йорк ба дархостҳо дар бораи шарҳи гузориши созмон посух надоданд.

XS
SM
MD
LG