Ссылки доступа

Барномаи нави телефонӣ бахшида ба 580-солагии Алишер Навоӣ


Дар Узбекистон бахшида ба 580-солагии мутафаккир Алишер Навоӣ барномаеро барои телефонҳои ҳамроҳ бо номи "100 марвориди Навоӣ" таҳия карданд.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, барномаро хатмкунандагон ва донишҷӯёни ду донишгоҳ - Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд ва Донишгоҳи Амити пойтахти Узбекистон сохтаанд.

Барномаи телефонӣ, ки рӯзҳои наздик дар "App Store" ва "Play Market" дастрас хоҳад шуд, 80 ғазали беҳтарин ва 20 рубоии Навоиро дар шакли садоӣ ва матн дар бар хоҳад гирифт.

Дар Узбекистон 9 феврал бахшида ба 580-солагии Алишер Навоӣ як қатор чорабиниҳо баргузор карда шуд.

XS
SM
MD
LG