Ссылки доступа

Кумитаи телевизион ва ради Туркманистон худмаблағгузор мешавад


Сотрудники гостелевидения Туркменистана (иллюстративное фото)
Сотрудники гостелевидения Туркменистана (иллюстративное фото)

Кумитаи телевизион, радио ва филмбардории Туркманистон тадриҷан ба низоми худмаблағгузорӣ мегузарад.

Бино ба хабари расонаи Trend, масъалаи худмаблағгузор шудани кумитаи мазкурро президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов матраҳ кардааст.

Ба иттилои Хабаргузории давлатии Туркманистон, Бердимуҳаммадов 7 феврал конфронси видеоиеро бахшида ба масоили фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори ом баргузор кардааст. Дар конфронс бархе аз муовинони сарвазир, раҳбарони расонаҳо ва ходимони фарҳангӣ иштирок карданд.

"Президент дастур дод, ки барои тадриҷан гузаронидани Кумитаи телевизион ва радиои Туркманистон ба низоми худмаблағгузор чораҳои лозимӣ андешида шавад", - навиштааст хабаргузорӣ.

Талошҳои Туркманистон барои худмаблағгузор кардани телевизион, радио ва соҳаи филмбардорӣ дар ҳолест, ки дар ин кишвар буҳрони сахти иқтисодӣ чанд сол аст, идома дорад.

Пештар низ дар Туркманистон ба хотири сарфаи пули буҷа чандин нашрияву маҷалларо якҷоя карда буданд.

XS
SM
MD
LG