Ссылки доступа

Як корхонаи азими Тоҷикистон аз сурбгудозӣ монд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Як корхонаи азими Тоҷикистон аз сурбгудозӣ монд. Чаро? Пандемияи СОVID-19 бо ҷамъи чанде аз мушкилоти дигар сабаби аз кор мондани бузургтарин корхонаи саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон шудааст. Корхонаи металлургии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин”, ки тавоноии истеҳсоли то 50 ҳазор тонна сурб дар як солро дорад, соли 2020 аз фаъолият мондааст. (видео)

- Парвандаи азияти кӯдакон дар кӯдакистон Кӯлобро додгоҳ муҳокима хоҳад кард. (видео)

- 20 сол бе Муборакшо. Аз замони марги Муборакшо Мирзошоев, овозхони шинохта, 20 сол гузашт. Ду даҳсолае, ки ӯ дар байни мо нест ва "Ғарибӣ"-ву "Чор ҷавон"-ро намехонад, аммо таронаҳояш дар маъракаҳои хурсандӣ ва ҳолати ғамгинӣ садо медиҳанд ва аз сӯйи овозхонҳо гаштаву баргашта ва бо шеваҳои гуногун иҷро мешаванд. (видео)

- "Тоҷикстандарт" беш аз 200 тонна маҳсулоти пастсифатро мусодира кардааст. (видео)

- Додситони низомии Кӯлоб иддао дорад, ки ҷалби иҷбории наваскарон хотима ёфтааст. (видео)

- Даъво сари хона дар Хуҷанд то қасди худкушӣ дар назди додгоҳ расид. Бештар аз 4 сол аст, ки дар додгоҳ баҳси ҳуҷҷатгузорӣ, ё ба кӣ тааллуқ доштани ду хона дар шаҳри Хуҷанд хотима намеёбад. Истиқоматкунандагони ин хонаҳо мегӯянд, чанд даҳсола пеш пули онро ба соҳибонм пешинааш доданд, вале ба сабаби нобасомониҳо натавонистаанд, ба номи худ сабт кунанд. ​(видео)

- Мошинро бе ангушт задан ба чизе меронед? Ба назари шумо бо ангушт ва ё даст задан ба пардаи ноаён ва ё ҳаво метавон, асбоберо ба ҳаракат даровард, ё не. Ҳоло ин имкон вуҷуд дорад ва шумо шояд рӯзе тавонед, мошин, ё асбобҳои электронии рӯзгорро бе даст расонидан ба тугмае ба ҳаракат оред. (видео)

- Чаро оҳангарони Истравшан аз имтиёзҳои андоз бенасиб монданд? Оҳангарон дар Истаравшан мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири рушди ҳунарҳои халқӣ 3 сол пеш косибонро аз пардохти андоз озод кард, аммо онҳо аз ин имтиёз бенасиб монанд. (видео)

- "Ширкати Бег Сабур"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд."Комил 2010" аз бозори хонасозӣ берун мешавад? Дар Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфтанд, ширкати "Комил-2010"-ро, ки бо номи “ширкати Бег Сабур” машҳур аст ва дар Душанбеву минтақаҳои дигар биноҳои баландошёна месозад, ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карданд. (видео)

- Сокини Ворухро, ки бо дархости Бишкек дар Русия боздошт шуд, як моҳ ба ҳабс гирифтанд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG