Ссылки доступа

Дар Узбекистон қурбониёни қочоқи инсонро 6 ниҳод муайян мекунад


Ҳукумати Узбекистон 8 феврал қарореро ба имзо расонд, ки тартиби муайян ва барқарор сохтани қурбониёни қочоқи инсонро дар он кишвар муайян мекунад.

Дар ин бора Telegram-канали "Иттилои ҳуқуқӣ"-и Вазорати адлияи Узбекистон хабар дод.

Тафтиш ё муайянсозии аввалияи ҳолатҳои хариду фурӯши инсонро вазорати умури дохилӣ, додситонии кул, хадамоти амнияти давлатӣ, вазорати меҳнату муносибатҳои корӣ, вазорати умури хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии Узбекистон анҷом хоҳанд дод.

Шахсоне, ки эҳтимол меравад, қурбонии қочоқи инсон шудаанд, ба хадамоти тиббӣ, ёрии равоншиносӣ, машварати ҳуқуқӣ, ҷои муваққати зист, тамос бо наздикон ва дастрасии ройгон ба тарҷумон ҳақ доранд.

XS
SM
MD
LG