Ссылки доступа

Истеҳсоли ваксинаи русӣ дар Қазоқистон 15 млрд танга харҷ дорад


Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой гуфт, барои истеҳсоли ваксинаи русии зидди коронавирус - "Спутник V" дар Маҷмааи дорусозии вилояти Қарағандаи ин кишвар аз буҷаи давлат 15 миллиарду 175 миллион танга (ҳудуди $36 млн) ҷудо карда шудааст.

Ба гуфтаи вазир, ҷамъан барои истеҳсоли ваксинаи "Спутник V", аз ҷумла дар Русия 18 миллиард танга ҷудо гаштааст. Пештар ҳаҷми маблағи ҷудошуда 16,8 миллиард танга гуфта мешуд.

"Бастаҳои аввали ваксина бо нархи 26 доллар барои ду моя харидорӣ шуданд. Аз Бунёди сармояҳои бевоситаи Русия нома гирифтем, ки нархи ваксина метавонад бозбинӣ шавад. Эҳтимол дорад, бо назардошти афзоиши истеҳсоли ваксина нарх поин равад. Дар ҳоли ҳозир нархи ду мояи ваксина 26 доллар аст", - афзуд Сой.

Алексей Сой изҳор дошт, ки ширкати тақсимкунандаи маводи дорувории "СК-Фарматсия" низ бо ин нарх ваксина хоҳад харид.

Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи декабри соли гузашта хабар доданд, ки дар Маҷмааи дорусозии Қарағандаи ин кишвар истеҳсоли ваксинаи русӣ низ оғоз шудааст. Дар Қарағанда қарор аст, тадриҷан ду миллион моя ваксина истеҳсол шавад.

XS
SM
MD
LG