Ссылки доступа

Соҳибнуфузи олами ҷиноии Қирғизистон "Ҷенго" боздошт шуд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Қодир Досонов, маъруф бо лақаби "Ҷенго"-ро боздошт кард.

Пештар вакили дифои Досонов - Нозгул Суйунбоева иттилоъ дода буд, ки шахси зери ҳимояи ӯ шахсан барои бозпурсӣ ба Идораи амнияти вилояти Ӯш ҳозир шудааст. "Досонов шахсан ба Идораи амнияти Ӯш рафт. Шояд фардо эълом кунанд, ки ӯро дар натиҷаи амалиёти махсус дастгир карданд", - навишт вакили дифоъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Вале Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, 10 феврал дар шаҳри Ӯшу вилояти ҳамноми он амалиёти таъйини маҳалли будубоши Досонов гузаронида шуд. Досонов моҳи ноябри соли 2020 бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои сангин дар пайгарди қонунӣ қарор гирифт.

Қодир Досонов бори аввал соли 2011 таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода шуда буд. Дертар, соли 2012 ӯро дар Тоҷикистон дастгир карданд. Дар Қирғизистон вай дар қочоқи маводи мухаддир ва одамрабоӣ айбдор мешуд. Вале додгоҳи Ӯш ӯро сафед кард. Досонов соли 2014 дубора таҳти пайгард қарор гирифта, боздошт шуд. Вале ин бор низ додгоҳ ӯро ба ҳабси хонагӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ озод кард.

Мақомоти Қирғизистон Досоновро бори севум соли 2015 ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор доданд. Ин бор вай дар фармоиши куштори полковники милиса Толкунбек Шоноев гумонбар шуд.

XS
SM
MD
LG