Ссылки доступа

Сохтмони Донишкадаи исломӣ дар Тоҷикистон ба таъхир афтодааст (видео)


Бунёди бинои нави Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, ки ба қавли мақомот бузургу замонавӣ хоҳад буд, ба таъхир афтодааст. Сохтмони онро соли 2018 оғоз карданд ва бояд имсол ба истифода медоданд.

Тоҷиддин Асомуддинзода, мудири Донишкадаи исломӣ, рӯзи 10-уми феврал гуфт, бо сабаби пандемияи коронавирус ва мушкили молӣ сохтмонро муваққатан боздоштаанд. "Нақшаи кӯчонидани донишкада ба соли 2022 гузаронда шуд", -- афзуд ӯ.

Бинои навро бо 130 миллион сомонӣ дар майдони тақрибан 3 гектар ва дар канори масҷиди бузурге месозанд, ки аз сӯйи Қатар бунёд шуда, ҳанӯз мавриди истифода қарор нагирифтааст. Мақомот мегӯянд, дар ин бино дар як вақт якуним ҳазор касро бо таълим фаро мегиранд, вале ба иттилои расмӣ солҳои охир довталабон ба Донишкадаи исломӣ камтар меоянд.

Ҳоло дар Донишкадаи исломӣ 879 кас мехонад. Тоҷиддин Асомуддинзода гуфт, соли гузашта қабули 331 донишҷӯй дар нақша буд, вале довталаби кам омад.

Солҳои пеш дар Тоҷикистон тақрибан 20 мадраса сабтином шуда буд. Бо гузашти замон онҳо баста шуда, танҳо як Донишкадаи исломӣ дар Душанбе монд, ки он ҳам қисман ба таълими динӣ машғул аст.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, дар баробари баъзе аз мушкилот, аз ҷумла расмӣ кардани рӯҳониён, таълими динӣ дар Тоҷикистон "дуруст ба роҳ монда нашудааст".

Фаридун Ҳодизода, коршиноси умури динӣ гуфт, сифату шеваи таълим "дурусту кофӣ нест". Ӯ таъкид кард, "ҳамин мушкил яке аз сабабҳои бетаваҷуҳҳии мардум ба таълими динӣ дар донишкада аст. Дарсро бисёр хуб намегӯянд. Агар таълим аз хуб ба роҳ монда шавад, таваҷҷуҳ бештар мешавад."

Ҳодизода айни замон масъалаи пайдо кардани ҷойи кор пас аз хатми донишкадаро низ зикр кард. "Зеро садҳо донишҷӯе, ки Донишкадаи исломиро хатм мекунанд, имкони пайдо кардани ҷойи корро надоранд", -- гуфт ӯ.

Масъалаи таълими динӣ, аз ҷумла барои наврасон, аз мавзуҳоест, ки дар матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд баҳс мешавад. Нигарониҳо баъди он бештар шуд, ки соли 2018 порлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро ислоҳ кард. Бар асоси он, масъулияти омӯзиши динӣ танҳо ба ниҳодҳои давлатӣ вогузор карда шуд.

Дар чанд соли охир дар Тоҷикистон даҳҳо рӯҳониро барои таълими динии, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунӣ дастгиру муҷозот кардаанд. Созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд, вале мақомоти тоҷик ҳамеша интиқодҳоро беасос ва рафтори худро барои таъмини амният дар кишвар дурусту қонунӣ мешуморанд.

XS
SM
MD
LG