Ссылки доступа

Ҳукумати Узбекистон 100 дарсади саҳмияҳои ширкати миллии Ucell-ро ба Русия медиҳад


Ҳукумати Узбекистон тавассути Оҷонси мудирияти саҳмияҳои давлатӣ 100 дарсади саҳмияҳои ширкати миллии Ucell-ро ба ширкатҳои русии «ЮэСэМ Телеком» ва МегаФон медиҳад.

Дар ин бора аз маркази матбуоти ширкати Ucell хабар доданд.

Ба иттилои ширкат, дар Узбекистон дар якҷоягӣ бо ду ширкати русӣ ширкати муштараки Digital Holding бунёд мешавад.

Русия дар ширкати муштарак 100 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Моликони ширкати «ЮэСэМ Телеком» ширкати USM (80% саҳмия), Иван Стрешинский (10%) ва Антон Черепенников (10%) ҳастанд.

МегаФон - ширкати миллии Русия аст, ки дар бозори иртибототӣ мақоми пешсафе дорад.

Ucell - ширкати миллии Узбекистон аст, ки бо 8 миллион муштарӣ дар бозори мобилии Узбекистон мақоми болоро соҳиб аст.

XS
SM
MD
LG