Ссылки доступа

ВУД Узбекистон аз таъқиби ҷиноӣ барои баррасии парвандаи блогер Сатторӣ ҳушдор дод


 Блогер из Термеза Отабек Саттори
Блогер из Термеза Отабек Саттори

Вазорати умури дохилии Узбекистон фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро ҳушдор дод, ки дар бораи парвандаи ҷиноии Отабек Сатторӣ, блогер аз вилояти Сурхандарёи ин кишвар маълумоти нодуруст паҳн накунанд.

Сухангӯи вазорат Шохрух Ғиёсов гуфт, корбарони дохиливу хориҷӣ бо паҳни хабарҳои туҳматомез дар шабакаҳои иҷтимоӣ "фаъолияти ниҳодҳои давлатиро зери суол қарор дода, ҷомеаро ба гумроҳӣ мебаранд".

Ба гуфтаи Ғиёсов, қонун дар бораи назорати ҷомеаи Узбекистон дахолати беасос ба фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, мансабдорон ва таъсири ғайриқонунӣ ба онҳоро иҷозат намедиҳад. Ҳамчунин қонуни воситаҳои ахбори оми он кишвар низ нашри маводи ниҳодҳои тафтишотӣ, бо ҳар роҳ таъсир расондан ба додгоҳ ё пешбинии қарори додгоҳро дар парвандаи мушаххас қотеона рад мекунад.

Сатторӣ 29 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Термизи он кишвар боздошт шуд. Дертар ӯро ба тамаъҷӯӣ айбдор карданд. Додгоҳи шаҳри Тирмиз 1 феврал қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани блогерро содир кардааст.

Отабек Саттории 40-сола раиси вилояти Сурхандарёро сахт танқид карда буд. Ӯ дар яке аз навиштаҳои ахираш мақомоти маҳаллиро ба боз кардани парвандаҳои сохта зидди блогерон айбдор карда, гуфт, "бо вуҷуди таъқибҳо" бозтоби фасодкории мансабдоронро идома медиҳад.

Ахиран "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ) аз мақомоти Узбекистон хост, блогнавис Отабек Сатториро аз боздошт раҳо кунанд.

XS
SM
MD
LG