Ссылки доступа

Рӯзи дуюми мурофиаи импичменти Трамп дар Сенат


Қонунгузорони демократ рӯзи 10 феврал парвандаи худ алайҳи собиқ президент Доналд Трампро муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ӯ дар ҳодисаҳои ҳамла ба Капитол дар рӯзи 6-уми январ як тамошобини бегуноҳ набуд, бакли “таҳриккунандаи аслӣ”-и шӯриши марговар буд.

Тими демократҳои Маҷлиси намояндагон, ки дар мурофиаи импичменти Трамп дар нақши додситонҳо баромад мекунанд, дар рӯзи дуюми муҳокимаҳо давоми соатҳои дароз бо изҳори назарҳову намоиши видеоҳо аз суханрониҳои Трамп ва навиштаҳояш дар Твиттер талош карданд иттиҳоми худро зидди президенти собиқ собит кунанд.

Ҷемӣ Раскин, демократ аз Мериланд, ки яке аз раҳбарони Маҷлиси намояндагон аст, гуфт, суханҳои Трамп як гапи умумӣ набуд, балки “даъват ба мусаллаҳшавӣ” буд. Демократҳо Трампро дар он муттаҳам карданд, ки бо дурӯғгӯӣ дар бораи ин ки гӯё натиҷаҳои интихобот дуздида шуд, ба издиҳом гуфт, ки ин вазифаи ватандӯстонаи онҳо аст, ки барои ҳимоят аз ӯ “биҷанганд”.

Онҳо гуфтанд, ки Трамп ба эътирозгарон нагуфт, ки даст ба хушунат назананд ва батакрор мегуфт, ки бояд натиҷаҳои интихоботро эътироф накунанд.

Барои гунаҳгор эълон кардани Трамп ба демократҳо 17 овози тарафдори ҷумҳурихоҳҳо лозим аст.

XS
SM
MD
LG