Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ронандагони мусофирбарҳо баъди ваъдаи шаҳрдор корпартоиро қатъ карданд


Ронандагони "Ширкати нақлиётии мусофирбар"-и шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон ба корпартоии худ, ки беш 4 соат идома кард, хотима бахшиданд.

Намояндагони "Ширкати нақлиётии мусофирбар" ва нозироти меҳнати Оқтеппа 12 феврал ба маҳалли таҷаммуи ронандагон рафта, аз онҳо даъват карданд, ки ба ҷои корашон баргарданд.

Шаҳрдори Оқтеппа Асхат Шахаров ҳам ба назди ронандагони норозӣ рафта, гуфтааст, то мушкили онҳо ҳал нашавад аз коргоҳи "Ширкати нақлиётии мусофирбар" нахоҳад рафт. Танҳо баъд аз ваъдаи шаҳрдор ронандагон ба маҳалли корашон баргаштаанд.

Ронандагони ширкати мазкур субҳи 12 феврал бо талаби баланд бардоштани маош, кам кардани ҳаҷми нақшаи рӯзона, супоридани пардохти нафақа даст ба корпартоӣ заданд. Ронандагон гуфтанд, дар моҳ аз 32 то 70 ҳазор танга (ҳудуди 76-166 доллар) маош мегиранд.

Ҳафтаи гузашта низ дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон ронандагони мусофирбарҳо эътироз карда буданд.

XS
SM
MD
LG