Ссылки доступа

Муфтии пешини Қирғизистон аз ҳабс озод шуд (видео)


Максатбек ажы Токтомушев. Бишкек, 2018 г.
Максатбек ажы Токтомушев. Бишкек, 2018 г.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек шаби 11 ба 12 феврал масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани муфтии он кишвар ҳоҷӣ Мақсадбек Токтомушевро баррасӣ ва ӯро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кард.

Токтомушев баъди озод шудан ва баромадан аз бинои додгоҳ нахост, дар бораи парвандааш бо рӯзноманигорон суҳбат кунад. Дар назди бинои додгоҳ даҳҳо нафар бо талаби озодии Токтомушев ҷамъ шуда буданд.

Дар ҷараёни бозпурсии сармуҳосиб маълум шудааст, ки муфтӣ дар содир кардани фасодкорӣ даст дорад. Маблағеро, ки сокинон барои адои маросими ҳаҷ дар ихтиёри Идораи маънавии мусалмонон қарор медоданд, муфтӣ ва дигар масъулони муфтиёт бар ивази баҳра ё фоиз ба дигарон қарз медодаанд.

Дар асоси нишондодҳои сармуҳосиб муфтии Қирғизистон бо гумони содир кардани ҷиноят рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буд.

КДАМ-и Қирғизистон гуфт, тафтишот нисбати идораи маънавии мусалмонон идома дорад.

Мақсадбек Токтомушеви 47-сола 6 соли ахир Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистонро раҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG