Ссылки доступа

Маркази гармидиҳии Тошканд дубора оташ гирифт


Ново-Ангренская ТЭС.
Ново-Ангренская ТЭС.

Шаби 11 ба 12 феврал дар Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-и вилояти Тошканди Узбекистон сӯхтор ба амал омадааст.

Чанд тан аз кормандони марказ гуфтанд, ки сӯхтор дар бахши 4-ум сар задааст. "Сӯхтор тахминан соатҳои 2-и шаб сар зада, хушбахтона ин бор касе осеб надидааст. Оташро худ хомуш карданд. Акнун кормандон аз кор дар ҳудуди марказ ҳарос доранд", - изҳор дошт яке аз ҳамсуҳбатони мо ба шарти ифшо нашудани номаш.

Рӯзи 20 январи соли ҷорӣ дар Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен" дуду чанди ғализ боиси марги се коргар ва ҷароҳати се каси дигар шуда буд. Роҳбарияти неругоҳ гуфт, риояи накардани қоидаҳои бехтарӣ боиси ин руйдод шудааст.

Баъдтар хабар расид, Сироҷиддин Шодиев, роҳбари сехи 5-ум, ки дуду чанги ғализ ончо сар зада буд, зери фишори роҳбарияти неругоҳ худкушӣ кардааст. Наздикони Шодиев мегӯянд, роҳбарияти неругоҳ бо таъқиб ва фишор овардан Шодиевро ба худкушӣ расонидааст. Ба гуфтаи манбаи сомонаи Gazeta.uz, мудири сехро дар доираи парвандаи таркиш ба бозпурсӣ даъват карда буданд.

Аз рӯи ҳодисаи таркиш дар марказ додситонии шаҳри Ангрен бо моддаи “Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ки боиси марги инсон ва дигар оқибатҳои вазнин шудааст” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG