"Мутааасифона, қонуни ҷамъомадҳои осоиштаи Қазоқистон интихоби мо барои ҷои баргузор кардани роҳпамоиро маҳдуд мекунад", - омадааст дар изҳороти гуруҳ.
Соли 2020 дар роҳпаймоии занон дар Алмато ҳудуди 200 кас иштирок карда буд. Иштирокдорон гулчанбареро бо навиштаи "Ҳар як зан муҳим аст" оташ зада буданд. Пулис ин амали онҳоро "авбошӣ" номида, ду иштирокчиро ҷарима кард.
Он замон созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch ба ҷонибдорӣ аз ҷаримашудаҳо бархоста буд. Аз мақомоти Қазоқистон дархост кард, ки ҷаримаро бекор кунанд.
Роҳпаймоии занони қазоқ дар соли 2021 дар асоси қабули қонуни нави ҷамъомадҳои осоишта баргузор мешавад. Ин қонун дар пасманзари ваъдаҳои мақомоти Қазоқистон, аз ҷумла президент дар мавриди соддатар кардани қоидаҳои баргузории тазоҳурот ва ҷамъомадҳои осоишта қабул шуд.