Ссылки доступа

Қазоқистон воксини русии зидди коронавирусро барои истифода тасдиқ кард


Воксини русии зидди коронавирус "Спутник V", ки дар корхонае дар Қарағандаи Қазоқистон истеҳсол шудааст, ҳамаи марҳилаҳои сабти номро дар ҳудуди Қазоқистон гузашта ва барои истифода иҷозат гирифтааст.

Дар ин бора мақомоти тиббии Қазоқистон хабар доданд.

"Маҷмаи фарматсевтии Қарағанда марҳилаи сабти воксини "Спутник V"-ро зидди коронавирус ба анҷом расонид", - омадааст дар иттилоияи мақомоти Қазоқистон, ки рӯзи 15 феврал нашр карданд.

Қазоқистон 27-умин кишварест, ки воксини русии "Спутник V"-ро барои истифода қабул мекунад. То имрӯз воксини русиро ба ҷуз аз Русия, дар Белорус, Аргентин, Алжир, Парагвай, Туркманистон, Маҷористон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон ва чанд кишвари дигар тасдиқ кардаанд.

Боиси зикр аст, ки истифодаи воксини русӣ дар Қазоқистон ҳанӯз 1 феврал - пеш аз расман сабт шудани он - шуруъ шуда буд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар моҳи ҷорӣ наздики 90 ҳазор мояи воксини "Спутник V", истеҳсоли Қазоқистон дар минтақаҳои ин кишвар тақсим мешавад.

XS
SM
MD
LG