Ссылки доступа

Кумитаи амнияти Қирғизистон ҳукми "Раим миллион"-ро шарҳ дод


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳукми додгоҳ нисбат ба муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Райимбек Матраимовро шарҳ дод.

Ин ниҳод гуфтааст, "дар баробари парвандаи ҷиноии мазкур тафтиши парвандаи берун бурдани беш аз 700 миллион доллар тавассути бонкҳои гуногуни Қирғизистон аз сӯи соҳибкор Саймаитӣ идома дорад".

"Барои муайян кардани дороиҳои марбут ба Матраимов дар хориҷ ва даст доштани худи ӯ дар берун бурдани миллионҳо доллар, ки расонаҳо дар ин бора чандин матолиб ба нашр расонданд, идома дорад. Аз мақомоти Туркия, Дубай, Украина ва Русия дар ин замина дархости кумаки ҳуқуқӣ шудааст", - омадааст дар иттилоияи кумита.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Раимбек Матраимовро дар фасодкорӣ айбдор эълом ва 260 ҳазор сом ($3 ҳазор) ҷарима кард. Қарори ҳабси дороиҳои ӯ, аз ҷумла хонаҳояш дар шаҳри Бишкеку Ӯш, вилояти Иссиқкӯл ва ҳисобҳои бонкияш бекор шуд.

Худи Матраимов гуноҳро ба гардан гирифта, гуфт, бо муфаттишон ихтиёрӣ ҳамкорӣ кард. Матраимовро барои он танҳо 260 ҳазор сом ҷарима карданд, ки ӯ пештар ба давлати Қирғизистон 23,6 миллион доллар ҷуброни зарар аз фасодкорияшро пардохт кардааст.

Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop низ зикр шудааст.

Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG