Ссылки доступа

Саммити "Ҳафтгонаи бузург" ба мушкили тақсими ваксина бахшида мешавад


Кохи сафед хабар дод, ки президенти ИМА Ҷо Байден 19 феврал нахустин мулоқоти онлайнии худро бо раҳбарони "Ҳафтгонаи бузург" баргузор ва пандемияи коронавирусу барқарор кардани иқтисоди ҷаҳониро баррасӣ хоҳад кард.

Ба огаҳии Кохи сафед, Байден дар ин саммит ба мушкили истеҳсол ва тақсими ваксинаи зидди коронавирус таваҷҷуҳи бештар мекунад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар саммити мазкур сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон низ иштирок карда, мавзуи меҳварии он тақсими баробари ваксина дар ҷаҳон хоҳад буд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, сиёсати "мо дар навбати аввал"-и кишварҳои сарватманд дар нақшаи тақсими ваксинаи зидди коронавирус ҷони сокинони кишварҳои фақирро дар хатар гузошта, боиси идома ёфтани сирояти коронавирус мешавад.

Саммити "Ҳафтгона бузург", ки ба ҳайати он кишварҳои сарватманд, аз қабили Бритониё, Олмон, Канада, Фаронса, Итолиё, Ҷопон ва ИМА шомиланд, ҳамасола баргузор мешавад. Ин саммит соли гузашта, ки қарор буд дар Амрико баргузор шавад, ба иллати пандемия лағв шуд.

XS
SM
MD
LG