Шаҳрдори пойтахти Қирғизистон барои бозсозии се боғ беш аз як миллион доллар ҷудо карда буд. Аз ҷумла, дар бозсозии боғи "Ҷавонон"-и шаҳр зиёда аз 26 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ шудааст. Вале баъзе аз иншоотҳои боғ бо гузашти ду сол дубора таъмир талаб шуда, бархеашон аллакай фурӯ мерезанд.
Раҳбари бунёди ҷамъиятии "Ҳаққи мо" Светлана Антропова мегӯяд, ҳангоми омӯзиши санадҳои бозсозии боғ як қатор номутобиқатиро ошкор кардааст. Ҳатто ҳаҷми сангҳои пиёдароҳҳо ду баробар камтар аз ҳаҷме аст, ки дар лоиҳа оварда шудааст.
Ба гуфтаи Светлана Антропова, "вазъ" дар санадҳои бозсозии се боғи пойтахти Қирғизистон яксон аст. Дар бозсозии се боғ беш аз 1 миллион доллар харҷ шудааст, вале ҳаҷми хисоротро 90 ҳазор муайян карданд.
Баъди баҳсбарангез шудани қазияи бозсозии боғҳо мақомоти амният ва Додситонии кулли Қирғизистон ҳам ба он таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Ин ниҳодҳо дертар гузориш доданд, ки гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, вале гуфта нашуд, ки киро чи гуна ҷазо доданд.
Аз замони бозсозии боғҳо то ҳол шаҳрдори Бишкек се бор иваз шудааст ва пайдо кардани гунаҳкорон дар қазияи бозсозӣ низ чандон осон нест. Дар шаҳрдории Бишкек гуфтанд, дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, ки боғҳоро нигоҳубин кунанд.